Бозии даври 19-уми Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои «Ипсвич Таун» ва «Челси»-и Лондон вохӯрданд, дар варзишгоҳи Портман Роуд дар шаҳри Ипсвич (Англия) бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Англия - Премер-лига. Даври 19-ум
30 декабри соли 2024, Сешанбе. Соати 00-45 бо вақти Душанбе
“Таун Ипсвич” (Ипсвич) 2:0 “Челси” (Лондон)
1:0 Делап – 12' 2:0 Хатчинсон – 53'
Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 12-ум боз шуда, муаллифи ин гол ҳамлагари тими “Ипсвич Таун” Лиам Делап гардид. Дар дақиқаи 53-юм бошад Омари Хатчинсон ҳисобро дуболо кард.
«Ипсвич Таун» аз 19 бозй 15 хол дорад ва дар Премер-Лигаи Англия айни ҳол дар ҷои 18-ум мебошад. «Челси» бошад бо касби 35 имтиёз дар мавқеи чоруми ҷадвали чемпионати Англия қарор дорад.