LIVE

"Челси" бори аввал дар 25 соли охир омори ғайриоддӣ ба даст овард

“Челси” дар як бозии Премер Лигаи Англия пас аз пештозии ҳисобӣ то дақиқаи 82-ум бори нахуст аз моҳи октябри соли 1999 мағлуб гардид, вақте ки то дақиқаи 83-юм бар “Арсенал” пешсаф буд, вале сипас бо ҳисоби 2-3 шикаст хӯрда буд, хабар медиҳад OptaJoe дар саҳифаи шахсии худ X.
Англия - Премер-лигаи Англия. Даври 18-ум
26 декабри соли 2024, панҷшанбе. 20:00 бо вақти Душанбе
“Челси” (Лондон) 1:2 “Фулхэм” (Лондон)
1:0 Палмер – 16'     1:1 Вилсон – 82'     1:2 Муниз – 90+5'
Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври 18-уми Чемпионати Англия бо “Фулҳэм” (1:2) бошгоҳи лондонӣ то дақиқаи 82-юм пешсаф буд, вале дар фурсатҳои иловагии бозӣ гол сар дода, мағлуб шуд.
«Челси» дар мақоми дуюми ҷадвали феълии чемпионати Англия  қарор дорад. Даста аз 18 бозй 35 хол гирифт. «Фулҳэм» бошад бо 28 имтиёз аз 18 бозӣ дар ҷои ҳаштум мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив