"Челси" бори аввал аз соли 1971 дар як бозии аврупоӣ шаш гол зад. Дар бозии даври 3-юми марҳилаи умумии Лигаи Конференсияҳо «Челси» бар «Ноа» бо ҳисоби 8:0 пирӯз шуд.
Лигаи конференсияҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 3-юм
07 ноябри соли 2024, ҷумъа. 01:00 бо вақти Душанбе
“Челси” (Лондон, Англия) 8:0 “Ноа” (Ереван, Арманистон)
1:0 Адарабиёо – 12’ 2:0 Гиу – 13’ 3:0 Дисаси – 18’ 4:0 Феликс – 21’ 6:0 7:0 Нкунку – 69’ 8 :0 Нкунку – 76'
Бошгоҳи лондонӣ дар нимаи аввал ба дарвозаи ҳариф шаш гол зад. Бори охир чунин натиҷа соли 1971 дар бозии Ҷоми дорандагони Ҷом ба даст оварда шуда буд.
"Челси" айни замон бо 9 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвали Лигаи Конференсияҳо қарор дорад. Дар даври навбатӣ бошгоҳи лондонӣ бо “Ҳайденхайм” вомехӯрад. Ин бозӣ рӯзи 28-уми ноябр баргузор мешавад.