Ҷоизаи беҳтарин бозигари моҳи сентябрро нимҳимоятгари ҳуҷумкори “Челси” Коул Палмер гирифт. Дар ин бора саҳифаи расмии Премер Лигаи Англия дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар медиҳад.
Моҳи гузашта футболбози 22-сола дар чор бозии Чемпионати Англия ширкат карда, панҷ гол ва як ассистен ба номаш сабт кард.
Дар маҷмӯъ, Палмер ин мавсим дар тамоми мусобиқаҳо 9 бозӣ анҷом дода, ба задани 6 гол ва ирсоли 5 партофти головар даст ёфтааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 90 миллион евро аст.