LIVE

Се голи Диалло пирӯзии «МЮ»-ро зидди «Саутгемптон» таъмин намуд

Бозии даври 21-уми Премйер-Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои «Манчестер Юнайтед» ва «Саутгемптон» вохӯрданд,  дар варзишгоҳи Олд Траффорд дар шаҳри Манчестер бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Англия - Премер-лига. Даври 21-ум
17 январи соли 2025, ҷумъа. 01:00 бо вақти Душанбе
“Манчестер Юнайтед” (Манчестер) 3:1 “Саутгемптон” (Саутгемптон)
0:1 Угарте – 43'     1:1 Диалло – 82'     2:1 Диалло – 90'     3:1 Диалло – 90+4'
Дар дақиқаи 43-юм нимҳимоятгари дастаи «Манчестер Юнайтед» Мануэл Угарте худгол зад. Дар дақиқаи 82-юм ҳамлагари мизбонон Амад Диалло мувозинатро барқарор кард. Дар дакқиқаи 90-ум Диалло голи дуюмро ба самар расонида,  дар дақиқаи 90+4-ум Диалло голи сеюми худро дар ин бозӣ зад.
«Манчестер Юнайтед» дар ҷадвали Премер-Лигаи Англия дар ҷои 12-ум қарор дорад. Даста аз 21 бозй 26 хол гирифт. «Саутгемптон» бошад  бо шаш имтиёз дар зинаи 20-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив