LIVE

«МЮ» бори аввал дар шаш сол тавонист дар “Энфилд” гол занад

Бозии даври 20-уми Премйер-Лигаи Англия дар мавсими 2024/2025, ки дар он дастаҳои «Ливерпул» ва «Манчестер Юнайтед» вохӯрданд,  дар варзишгоҳи «Энфилд»-и шаҳри Ливерпул ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
Англия - Премер-лига. Даври 20-ум
05-уми январи соли 2025, якшанбе. Соати 21-30 бо вақти Душанбе
“Ливерпул” (Ливерпул) 2:2 “Манчестер Юнайтед”  (Манчестер)
0:1 Мартинес – 52'     1:1 Гакпо – 59'     2:1 Салоҳ – 70’     2:2 Диалло – 80'
Ҳамин тариқ, «Манчестер Юнайтед» тавонист барои аввал  аз соли 2018 дар варзишгоҳи “Энфилд” гол занад. Дар давоми шаш соли охир «девони сурх» бо «мерсисайдиҳо» шаш бозӣ дар меҳмонӣ гузаронида, дар онҳо се мағлубият (0:2, 0:4, 0:7) ва се бор мусовӣ (0:0, 0:0, 2:2) доштанд.
Дар ҷадвали  феълии Премер-лигаи Англия дастаи Ливерпул, ки пас аз 19 бозӣ 46 имтиёз дорад, пешсаф аст. «Манчестер Юнайтед» бошад бо 23 имтиёз аз 20 бозӣ дар ҷои 13-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив