Бозии даври 18-уми Премйер-Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои «Ливерпул» ва «Лестер» вохӯрданд, дар варзишгоҳи «Энфилд»-и Ливерпул бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи «Ливерпул» анҷом ёфт.
Англия - Премер-лига. Даври 18-ум
26 декабри соли 2024, ҷумъа. 01:00 бо вақти Душанбе
“Ливерпул” (Ливерпул) 3:1 “Лестер Сити” (Лестер)
0:1 Айю – 6' 1:1 Гакпо – 45+1' 2:1 Ҷонс – 49' 3:1 Салоҳ – 82'
Ба ин тартиб, силсилаибозиҳои бидуни мағлубияти “мерсисайдиҳо” дар тамоми мусобиқаҳо то 22 бозӣ - 19 ғалаба ва се мусовӣ давом мекунад. Бори охир «Ливерпул» 14-уми сентябр дар вохӯрӣ бо «Ноттингем Форест» (0:1) мағлуб шуда буд.
«Ливерпул» айни ҳол дар зинаи аввали ҷадвали Премер Лигаи Англия буда, шогирдони Арне Слот дар 17 бозй 42 хол ба даст оварданд.