Бозии даври 24-уми Премйер-Лигаи Англия, ки дар он дастаҳои Лондон «Челси» ва «Вест Хэм Юнайтед» вохӯрданд, дар варзишгоҳи Стэмфорд Бриҷ дар Лондон бо ҳисоби 2:1 ба нафъи «Челси» анҷом ёфт.
Англия - Премйер-лига. Даври 24-ум
04 феврали соли 2025, Душанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Челси” (Лондон) 2:1 “Вест Хэм Юнайтед” (Лондон)
0:1 Боуэн – 42' 1:1 Нету – 64' 2:1 Ван-Биссака – 74'
Ҳисоб дар ин бозӣ дар дақиқаи 42-юм бо голи ҳамлагари тими “Вест Хэм Юнайтед” Ҷарред Боуэн боз шуд. Дар дақиқаи 64-ум Педро Нету ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 74-ум бошад ҳимоятгари меҳмонон Аарон Ван-Биссака тӯбро ба дарвозаи худ ворид намуд.
"Челси" бо касби 43 имтиёз аз 24 бозӣ дар зинаи чоруми ҷадвали Премйер-Лигаи Англия ҷойгир аст. «Вест Хэм Юнайтед» пас аз ҳамин шумораи бозиҳо 27 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 15-ум мебошад.