Сармураббии тими “Челси”-и Лондон Энсо Мареска ба суол дар бораи шонси қаҳрамонии дастааш дар ин мавсим посух дод.
"Ба фикрам, мо омода нестем. Албатта, ки дар бораи ҷоиза сухан гуфтан мумкин аст ва мухлисон дар ин бора орзу мекунанд... Агар аз ман пурсед, пас ман ба Шумо фикри худро мегӯям. Мо омода нестем, аммо хурсандем, ки мухлисон дар ин бора орзу карда метавонанд”, - иқтибос меорад рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз суханони Мареска.
«Челси» дар мавқеи дуюми ҷадвали Премер-Лигаи Англия дар ҷои дуюм аст. Даста аз 16 бозй 34 хол дошта, «Ливерпул» бошад бо 36 имтиёз аз 15 бозӣ дар ҷадвали чемпионати Англия пешсаф аст.
