LIVE

Анчелотти гуфт, ки ба "Реал" дигар бозигари нав лозим нест

Сармураббии «Реал Мадрид» Карло Анчелотти гуфт, ки клуб дигар дар бозори трансферӣ ширкат намекунад. 
"Ман намехоҳам дар бораи овозаҳои трансфер дар атрофи клуб суҳбат кунам, аммо ба шумо хабар медиҳам, ки дар ин тобистон мо дигар ҳеҷ касро хариданӣ нестем. Клуб ба кадри кифоя таъмин аст, - иқтибос меорад Marca Анчелотти.
"Реал Мадрид" тобистони соли ҷорӣ Аурелен Тчуамени ва Антонио Рюдигерро ба ҳайати худ ҷалб сохт. 
Тчуамени дастпарвари «Бордо» аст, ки соли 2020 ӯро ба “Монако” ба маблағи 18 миллион евро фурӯхт. Дар мавсими гузашта футболбоз дар тамоми мусобиқаҳо 50 бозӣ гузаронида, панҷ гол задааст ва 3 партофти головар кардааст.
Антонио ба “Реал Мадрид” ҳамчун агенти озод гузашт ва шартномаи панҷсола ба имзо расонд. Аз соли 2017 футболбози олмонӣ дар “Челси”-и Лондон бозӣ мекунад. Дар Англия Рюдигер панҷ ҷоиза, аз ҷумла Лигаи Чемпионҳо, Лигаи Аврупо ва Суперҷоми УЕФА-ро ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив