LIVE

Гвардиола сабаби тамдидкунии шартнома бо «Манчестер Сити»-ро шарҳ дод

Сармураббии бошгоҳи "Манчестер Сити" Хосеп Гвардиола оиди тамдидкунии шартнома бо "шаҳриён" то соли 2027 сухан кард. 
«Чаро ман дар даста боқӣ мондам? Хуб, ҳис мекардам, ки ҳоло тарк карда наметавонам. Ин хеле оддӣ аст. Сабабашро аз ман напурсед. Шояд чаҳор мағлубият сабаб шуда буд, ки ман тарк карда наметавонам...”- иқтибос меорад рӯзноманигор ва инсайдер Фабрисио Романо аз суханони Гвардиола дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Мутахассиси испанӣ соли 2016 ба вазифаи сармураббии бошгоҳи англисӣ таъин шуда буд. Зери роҳбарии Гвардиола «шаҳриён» шаш маротиба қаҳрамони Англия шуда,  ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардиданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив