LIVE

Хави: "Барса" лоиқи идомаи ҳунарнамоӣ дар ЛЧ нест...

Сармураббии дастаи «Барселона» Хави дар бораи натиҷаи бозӣ бо «Интер» (3:3) дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо сухан гуфт.

«Дар қисми якум мо хуб бозӣ кардем, ҳуҷумҳои зиёд анҷом додем ва дар хати нимҳимоя бо Педри ва Гави олӣ будем. Вале дар қисми дуюм иштибоҳи зиёд намудем. Иштибоҳ дар Лигаи чемпионҳо нобахшиданист. Мо кӯшиш кардем, ки бо хислат мубориза барем, аммо агар дар майдони худ “Интер”-ро мағлуб карда натавонем, сазовори пешравӣ дар Лигаи Чемпионҳо нестем. Мо медонем, ки ин дигар аз дасти мо намеояд ва мо сазовори идомаи ҳунарнамоӣ дар Лигаи чемпионҳо нестем. Умед кам аст, барои ин хатоҳо баҳои баланд додан лозим меояд. Ман мураббӣ ҳастам ва вақте ки бозигарони ман хато мекунанд, ман ҷавобгарам. Мо бояд бештар тамаркуз мекардем, аммо бо муносибати нодуруст дар нимаи дуюм ба майдон баромадем",- гуфт Хави.

Пас аз чаҳор давр “Барселона” бо 4 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. «Интер» дар навбати худ бо 7 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дар ҷадвали мусобиқа «Бавария» (12) пешсаф аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив