LIVE

Андешаҳои Хави пас аз бозӣ бо "Бенфика"

Сармураббии «Барселона» Хави назари худро дар бораи бозӣ бо «Бенфика» (0:0) иброз намуд.

"Ман фикр мекунам, ки мо олӣ бозӣ кардем. Мо мехоҳем чунин «Барселона»-ро бубинем. Коллектив идеяхои моро мефахмад. Ягона чизе, ки намерасид, гол буд. Мо дар ду бозӣ ҳамагӣ як маротиба гол задем, ин ҳам аз пеналтӣ. Мо "Барселона" ҳастем ва бояд ғалаба кунем. Гап на танҳо дар бораи бозӣ бо "Бавария", балки дар бораи ҳама меравад.  Сарфи назар аз мусовӣ,  фикр мекунам, ки мо имрӯз хеле хуб бозӣ кардем", - гуфт Хави.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо  "Барса" дар ҷойи дувум қарор дорад ва ҳамагӣ ду имтиёз аз "Бенфика" пеш аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив