LIVE

Зидан: “Реал” “Барса”-ро сазовор шикаст дод

Сармураббии “Реал Мадрид” - Зинедин Зидан натиҷаи бозии даври 30-юми Ла Лигаро бар муқобили “Барселона” (2:1) чунин шарҳ дод.

«Ман эҳсосоти хеле хуб дорам. Мо хело аъло бозиро оғоз кардем ва ғалабаи шоистаро ба даст овардем. Мо барои задани голи сеюм низ имкониятҳои зиёд доштем. Ҳама дар бораи ҳолати афтиши Брайтвайт пас аз мубориза бо Менди назари худро доранд, аммо ман фикр мекунам, ки агар довар пеналти таъин накунад, ин сабаби худро дорад. 
Муҳим он аст, ки мо дар майдон чӣ кор кардем. Мо душворӣ кашидем, зеро “Барса” рақиби пуркувват аст. Аммо ҳама ғалабаҳои моро нодида гирифту онро ба довар вобаста кардан ин хатост.
Ман аз бозигарон хушҳолам. Ҳама футболбозон ташнаи пирӯзӣ буданд ва  ҳама мехоҳанд, ки бозӣ кунанд. Ин маро хеле хурсанд мекунад. Мо ҳама барои як чиз мекӯшем. Ва мо пирӯзиро якҷоя ба даст овардем.
Аз нуқтаи назари мубориза барои чемпионат дигаргуние ба амал наомадааст. Дар пеш боз бисёр бозиҳо ҳастанд. Ҳоло пас аз ду бозии сахт бояд истироҳат кунем», - гуфт Зидан.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив