LIVE

Куман ба саволи ояндаи худ дар “Барселона” посух дод

Сармураббии “Барселона” - Роналд Куман, пас аз шикасти шадиди даста бар “Бенфика” дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо, дар бораи истеъфои эҳтимолии худ гуфт. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Да Луш" -и Лиссабон сурат гирифт ва бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт.
«Ман дар бораи ояндаи худ чизе гуфта наметавонам, зеро намедонам, ки клуб дар ин бора чӣ фикр дорад. Ин дар дасти ман нест. Биёед мебинем. Ман танҳо дар бораи корам бо даста фикру ақидаи худро гуфта метавонам. Ман дастгирии бозигаронам ва муносибати онҳоро ҳис мекунам. Боқимондаашро намедонам", - иқрор шудааст Куман.
«Барселона» дар ду бозӣ ягон хол нагирифтааст ва дар ҷадвали гурӯҳи «Е» дар ҷои охир аст. Бенфика (4) дар ҷои дуввум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив