LIVE

Хави: ""Барселона"" беҳтар буд, вале бисёр бахшид"

Сармураббии “Барселона” Хави дар бораи натиҷаи бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бо “Бавария” (0:2) изҳори назар кард.

"Мо аз "Бавария" беҳтар будем, аммо аз ҳад зиёд бахшидем. Онҳо намебахшанд, фарқият дар ҳамин аст. Шаш-ҳафт лаҳзаи хеле хатарнок доштем, вале онҳо бо гол анҷом наёфтанд. Нимаи аввал комилан аз они мо буд. Натиҷа он чизеро, ки дар майдон буд, инъикос намекунад, аммо Лигаи Чемпионҳо чунин аст. Фикр мекунам, вақте ҳарифатро бисёр мебахшӣ, дар ниҳоят сазояшро мегирӣ.

Бояд муносибати мусбӣ дошта бошем. Натиҷа манфӣ аст, аммо  бояд аз хатогиҳои худ дарс гирем. Ин як қадами ба ақиб аст. Сазовори ғалаба будем, вале бинобар иштибоҳҳои худ бо шикаст меравем. Мо бояд омӯхтан ва кор карданро давом диҳем», - гуфтааст Хави.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив