LIVE

Винисиус: «Реал» дар ду бозии охир аз «Барса» беҳтар буд

Ҳамлагари «Реал» - Винисиус Жуниор назари худро дар мавриди бозиҳои мавсими ҷорӣ бар муқобили  «Барселона» баён намуд.   «Реал» дар ду бозии охири Чемпионати Испания аз «Барселона» беҳтар буд? Ман ин бозиҳоро такроран тамошо кардам. Фикр мекунам, ки мо аз бисёр лиҳоз аз онҳо дида хубтар будем. Мо то танаффус бозии ҷолиб доштем ва бояд ҳолати ҷисмонии худро дубора барқарор созем. Мо воқеан ҳам зиёд мехоҳем, ки ба майдон баргардем ва ғалаба ба даст орем. 
Мақсад дорем, ки чемпионатро ба даст оварда, онро ба мухлисони худ туҳфа кунем.
Инсонҳо зарари калон дидан ва бо ғалабаҳои худ мехоҳем, ки ба мухлисони «Реал» коре кунем, ки таскини дилашон бошад. 
Медонам, ғалаба дар чемпионат ҳам наметавонад, тамоми он дарду азобҳое, ки мардум кашид, чуброн кард, вале он заррае ҳам бошад дар лабони мухлисон ханда ҳувайдо хоҳад шуд», овардааст аз суханони Винисиус Marca.
Дар мавсими ҷории Ла Лига «Барселона» ва «Реал» ду маротиба рақобат намуданд. Дар бозии даври аввал натиҷаи мусовӣ (0:0) ба қайд гирифта шуд. Дар даври дуюм «Реал» бо ҳисоби 2 бар 0  «Барселона»-ро шикаст дод. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив