LIVE

Зидан: “”Челси” бозии беҳтаринро нишон дод. Мо бояд онҳоро ситоиш кунем”

Сармураббии “Реал Мадрид”  Зинедин Зидан шикаст аз Челси (1-1, 0-2) дар бозии ниҳоии Лигаи чемпионҳоро шарҳ дод.
"Ман бояд эътироф кунам, ки рақиб барои пирӯзӣ сазовор буд. Мо кӯшиш кардем ва мубориза бурдем, аммо онҳо ба таври шоиста пирӯз шуданд ва ба финал баромаданд. Футболбозоне, ки имрӯз ба майдон баромаданд, ба бозӣ омода буданд.  Ман аз бачаҳои худ ифтихор мекунам: мо кӯшиш кардем ва як қадам то финал қарор доштем. ”Челси” бозии олиҷанобе дошт ва мо бояд онҳоро ситоиш кунем.
Албатта, мо аз ин натиҷа розӣ нестем. Вақте ки дар бозиҳои нимниҳоӣ шикаст мехурӣ, ғамгин мешавӣ, ин муқаррарӣ аст. Ин бохтро қабул кардан душвор аст, аммо пагоҳ мо ба майдон бармегардем, то тамринро барои расидан ба ҳадафҳои нав идома диҳем.
Мо бояд дар ҳамла беҳтар бозӣ мекардем. Мо ягон лаҳзаи садфоизаро эҷод накардаем. “Челси” чунин имконият чандто дошт. Аммо ман аз бачаҳо дорам. Ҳоло мо истироҳат мекунем ва дар бораи чемпионати дохилӣ фикр хоҳем кард", - мегӯяд Зидан.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив