LIVE

Клопп: “Брайтон” сазовор барои пирӯзӣ буд

Сармураббии "Ливерпул" - Юрген Клопп дар бораи шикасти навбатии дастааш дар бозии Премйер-Лига бар зидди “Брайтон” изҳори назар кард. 
“Таъбам хуш нест, дар воқеъ барои табассум омил надорам. Қабул кардан душвор аст. Ҳафтаи воқеан вазнин, ду бозии меҳмонӣ, ду бозии хеле шадид ва имшаб ба назарамон чунин менамуд, ки мо аз ҷиҳати ҷисмонӣ заифем. Бисёр лаҳзаҳое ҳастанд, ки мо тӯбро ба осонӣ аз даст медиҳем, вақте ки бачаҳо аз ҷиҳати рӯҳӣ хаста ба назар мерасиданд. “Брайтон” ба пирӯзӣ сазовор буд. Барои ман муҳимтар аз он аст, ки тавзеҳ диҳем, ки чаро мо ин бозиро бохтем ва фаҳмем, ки имшаб дар ин ҷо чӣ шуд. Ин ҳафта душвор буд, мо бозии дуввуми хонагии худро бохтем, аммо ҳоло ҳеҷ чизро тағир дода наметавонем, бояд барои натиҷаи беҳтар хубтар кор кунем”, - иқрор шудааст Клопп.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив