Мураббии собиқи бошгоҳи “Реал Мадрид” Хаби Алонсо, мураббии собиқи “Челси” Энсо Мареска ва сармураббии “Комо” Сеск Фабрегас тибқи иттилои The Telegraph, дар сурати истеъфои Хосеп Гвардиола аз мақомаш аз довталабони асосӣ барои мақоми сармураббигии “Манчестер Сити” мебошанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Гвардиола метавонад охири мавсими ҷорӣ “Манчестер Сити”-ро тарк кунад.
Гвардиола аз тобистони соли 2016 сармураббии “Манчестер Сити” буда, таҳти роҳбарии ӯ даста шаш маротиба ғолиби Премер-лигаи Англия, ду маротиба ғолиби Ҷоми Англия ва чор маротиба Ҷоми Лигаи Англияро ба даст овардааст. Соли 2023 бошад "Сити" ғолиби Лигаи Чемпионҳо шуда буд.
