Бошгоҳи футболи «Манчестер Сити» оиди тамдидкунии шартномаи корӣ бо сармураббии хеш Хосеп Гвардиола расман эълон намуд.
Қаблан дар расонаҳо иттилоъе нашр шуда буд, ки шартномаи нави кори мураббии 53-сола тибқи нақшаи «1+1» баста шудааст. Бо анҷоми мавсими 2025/2026 шартномаи мазкур метавонад ба як соли дигар тамдид карда шавад.
Шартномаи қаблии Гвардиола то охири мавсими ҷорӣ амал мекард.
Мутахассиси испанӣ соли 2016 ба вазифаи сармураббии бошгоҳи инглисӣ таъин шуда буд. Зери роҳбарии Гвардиола «шаҳриҳо» шаш маротиба қаҳрамони Англия шуданд ва инчунин ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардиданд. Пас аз 11 даври мавсими ҷории Премер-Лигаи Англия «Манчестер Сити» 23 имтиёз ба даст оварда, айни замон дар ҷои дуюм аст.