Дастаи МЛС “Ванкувер Уайткэпс” аз сабаби иштирок надоштани ҳамлагари “Интер Майами” Лионел Месси дар бозӣ муқобили ин тим 347 000 доллар ҷарима пардохт хоҳад кард, хабар медиҳад The Athletic.
Ба гуфтаи манбаъ додгоҳ даъвои дастаҷамъонаи мухлисонро нисбати “Ванкувер” дар соли 2024 тасдиқ кард. Мухлисон дастаи футболро барои он ки тасвири Мессиро дар маводи таблиғотии бозӣ истифода кардааст, ба додгоҳ кашиданд, аммо бозигар ба ҳайати он бозӣ дохил карда нашудааст.
Қайд карда мешавад, ки вазъияти ба ин монанд аз сабаби набудани Серхио Бускетс ва Луис Суарес, ки чеҳраҳои онҳо барои таблиғи бозӣ дар рӯйхати бозигарони “Интер Майами” истифода шуда буданд, рух додааст. Маълум шуд, ки яке аз мухлисон барои бозӣ аз Италия то Ванкувер сафар кардааст, аммо Мессиро дар майдон надидааст.
Таъкид шуд, ки худи мухлисон ягон ҷуброни пулӣ намегиранд ва тамоми маблағ ба фонди хайриявӣ дода мешавад.
