LIVE

“Интер Майами” бо Месси Ҷоми МЛС-ро ба даст овард.

Рақобати финалии марҳилаи плей-оффи МЛС-2025 байни дастаҳои “Интер Майами” ва “Ванкувер Уайткэпс”  дар варзишгоҳи DRV PNC дар Форт-Лодердейл баргузор шуда, Дастаи шаҳри Флорида бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд.
ИМА — Лигаи олии футбол. Финал
7 декабри соли 2025, якшанбе. Соати 00:30 ДШБ
“Интер Майами” (Майами) 3:1 “Ванкувер Уайткэпс” (Ванкувер)
1:0 Окампос – 8' 1:1 Аҳмад – 60' 2:1 Де Пол – 71' 3:1 Алленде – 90+6'
Дар дақиқаи ҳаштум Эдиер Окампос худгол зад ва ба дастаи Флорида бартарӣ дод. Дар дақиқаи 60-ум бошад Алӣ Аҳмад ҳисобро баробар кард. Родриго Де Пол дар дақиқаи 71-ум бартарии тимашро барқарор намуд. Тадео Алленде дар дақиқаи 90+6 голи сеюми дастаи мизбонро ба самар расонид.
Дар бозии нимфиналии марҳилаи плей-оффи МЛС “Интер Майами” бар “Ню-Йорк Сити”  бо ҳисоби 5-1 зафар ёфта буд. “Ванкувер Уайткэпс” бар “Сан Диего” бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд.
“Интер Майами” ва “Ванкувер Уайткэпс” рӯзи 26-уми майи соли 2024 дар бозии МЛС бо ҳам рӯбарӯ шуданд. “Ванкувер Уайткэпс” дар ин бозӣ бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуда буд.
Ин аввалин Ҷоми MLS барои Интер Майами аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив