Бозии MLS, ки дар он «Интер Майами» меҳмони дастаи “Торонто буд” дар Форт-Лодердейл дар варзишгоҳи DVR баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
ИМА - Лигаи асосии футбол. MLS
07 апрели соли 2025, Душанбе. 04:00 ба вақти Душанбе
“Интер Майами” (Майами) 1:1 “Торонто” (Торонто)
0:1 Бернардески – 45+2' 1:1 Месси – 45+5'
Нимҳимоятгари итолиёвӣ Федерико Бернардески дар дақиқаи 45+3-юми ин бозӣ аз паси Лоренсо Инсинйе ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 45+6-ум ҳамлагари аргентинӣ ва капитани тими «Интер Майами» Лионел Месси голи ҷавобӣ зад.
Ҳамин тариқ, “Интер Майами” ба силсилаи иборат аз чаҳор ғалабаи пайдарпайи худ дар MLS нуқта гузошт.
Дар даври навбатии MLS “Интер Майами” бо “Чикаго Файр” ва “Торонто” бо “Миннесота” бозӣ мекунанд. Бозиҳо мутаносибан рӯзҳои 12 ва 13 апрел баргузор мешаванд.
