LIVE

Лионел Месси унвони серҷоизадортарин футболбоз дар таърихро ба даст овард

Ҳамлагари тими миллии Аргентина ва бошгоҳи “Интер Майами”  Лионел Месси ҷоизаи футболбози серҷоизадортарин дар таърихиро дарёфт кард.
Рӯзи панҷшанбеи 17-уми октябр нашрияи испании “Marca” ба ин футболбози 37-солаи аргентинӣ бо эътирофи дастовардҳои ӯ дар майдони футбол ҷоизаи вижа тақдим кард. Маросим дар варзишгоҳи хонагии “Интер Майами” дар Форт-Лодердейл баргузор шуд. Месси ҷоизаро аз дасти директори нашрияи «Марка» Хуан Игнасио Галярдо ва Хорхе Мас гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Месси дар равзанаи тобистонаи трансферии соли 2023 ба “Интер Майами” гузариш анҷом дода буд. Мавсими ҷорӣ бозигари аргентинӣ дар 18 бозии дастаи амрикоӣ ширкат карда,  17 гол ва 10 партофти головар дар номаш дорад. Шартномаи кории Месси бо “Интер Майами” то моҳи декабри соли 2025 амал мекунад. Дар маҷмӯъ, ҳамлавари номбурда дорои 46 ҷоизаи даставӣ ва 56 ҷоизаи инфиродӣ мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив