Ҳамлагари тими миллии Аргентина ва бошгоҳи «Интер Майами» - Лионел Месси дар соҳили Форт-Лодердейл ба маблағи 10,8 миллион доллар як хонаи бо ҳамашамат харид, хабар медиҳад The Real Deal. Ба иттилои манбаъ, қаср дар соҳили уқёнус ҷойгир аст. Он дорои ҳашт хонаи хоб, як ҳуҷраи санаторию варзишӣ мебошад. Дар ҳудуди бино ҳавзи шиноварӣ низ мавҷуд аст.
Месси ва оилааш ба ду хобгоҳ дастрасӣ доранд. Ин қаср тақрибан панҷ мил дуртар аз варзишгоҳи “Drive Pink” ва майдони тамрини тими ҳозираи ҳамлагари аргентинӣ ҷойгир аст. Худи бино соли 1988 сохта шуда, соли 2000 васеъ карда шуд. Қайд мешавад, ки соҳибони қаблӣ ин иморатро ба маблағи 9 миллион доллар харида, ба Месси ба маблағи 10,8 миллион доллар фурӯхтаанд.