LIVE

Ҷоизаҳои The Best –и ФИФА кӣ бештар дорад? Роналду ё Месси?

Маросими тақдими ҷоизаи The Best Men’s Player ба беҳтарин бозигари соли  2023 тибқи фарзияи ФИФА анҷом ёфт. Ҳамлавари «Интер Майами» Лионел Месси дорандаи ин ҷоиза гардид. Ҳамин тариқ, бозигари аргентинӣ бори сеюм дар маснади варзишӣ соҳиби ин ҷоиза шуд ва аз рӯи ин нишондод аз ҳамлавари «Ал-Наср» ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду (2) пеш гузашт.
Пештар  Месси соҳиби ҷоизаи The Best от ФИФА  солҳои 2019 ва 2022 шуда буданд. Роналду дар навбати худ дорандаи ин ҷоиза тибқи натиҷагирии солҳои 2016 ва 2017 шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки  Месси соли 2023 ғолиби «Тӯби тиллоӣ» шуда буд, ки барояш ҳаштумин дар маснади варзишӣ гардид. Лео соли 2023 қаҳрамони Фаронса бо «ПСЖ», ғолиби Суперҷоми Фаронса  гардида, бо «Интер Майами» аввалин ҷоиза — Ҷоми лигаро ба даст овард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив