Журналист Фабрисио Романо дар телеграм-канали хеш шумораи холҳои ҳамлаварон Лионел Месси ва Эрлинг Холандро дар овоздиҳӣ баҳри «Туби тиллоӣ» нашр кард.
Футболбози аргентинии «Интер Майами» 462 хол ба даст оварда, ҳамлавари норвегии «Манчестер Сити» соҳиби 357 хол гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30-юми октябр маросими тақдими ҷоизаҳо аз рӯи натиҷагирии соли қаблӣ аз ҷониби рӯзномаи фаронсавии France Football доир гардида буд. Тибқи натиҷаи овоздиҳӣ «Туби тиллоӣ»-ро ҳамлавари аргентинии «Интер Майами» ва мунтахаби Аргентина Лионел Месси ба даст овард. Ин ҷоиза барои Месси ҳаштумин дар маснади варзишияш гардид. Ҳеҷ касе бештар аз ҳамлавари аргентинӣ «Туби тиллоӣ»-ро нагирифтааст. Бозигари мазкур ин ҷоизаи бонуфузро солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019, 2021 ва 2023 ба даст овардааст.