Дирӯз, 30-юми октябр маросими тақдими ҷоиза тибқи натиҷагирии соли қаблӣ аз ҷониби рӯзномаи фаронсавии France Football баргузор гардид. Тибқи натиҷагирии овоздиҳӣ барои ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» ҳамлавари тими амрикоии «Интер Майами» Лионел Месси пирӯзӣ ба даст овард.
Мавсими қаблӣ аргентинӣ 32 маротиба дар Лигаи 1-уми фаронсавӣ дар сафи «ПСЖ» ба майдон омада, 16 голу 16 партофти голӣ ба омор гирифт. Ҳамчунин Месси дар ҳафт бозии Лигаи чемпионҳо муаллифи чор голу чор партофти голӣ гардид.
Илова бар ин, Лионел Месси дар сафи мунтахаби Аргентина ғолиби чемпионати ҷаҳон- 2022 дар Қатар гардид. Футболбоз дар ҳамаи ҳафт бозии Ҷоми ҷаҳонӣ вориди майдон шуда, ҳафт гол ва се партофти голӣ ба омор гирифт.