LIVE

Роналду барои 18-умин бор паиҳам ба ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» довталаб мешавад

Криштиану Роналду бори дигар ба ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" пешбарӣ шуд. Ҳамлагари тими “Манчестер Юнайтед” 18-соли охир аст, ки пайиҳам барои дарёфти ҷоизаи олии инфиродӣ дар футболи ҷаҳон довталаб мешавад. 
Бори аввал португалӣ дар соли 2005 ба ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» пешбарӣ шуда буд. Он вақт ӯ дар овоздиҳӣ ҷои 20-умро гирифта буду ҷоиза ба Роналдиню дода шуда буд.
Роналдуи 37-сола барандаи панҷкаратаи “Тӯби тиллоӣ” аст, пас аз Лионел Месси, ки ҳафт “Тӯби тиллоӣ” дорад, дуюм аст.
Имсол Месси барои аввалин бор аз соли 2005 ба қатори довталабони ҷоиза шомил нашуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив