Имрӯз, 11-уми ноябр бозии рафиқона миёни тимҳои амрикоии «Интер Майами» ва «Ню-Йорк Сити» доир шуд, ки бо пирӯзии нюйоркиҳо бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Пеш аз ин вохӯрӣ ҳамлавари аргентинии «Интер Майами» Лионел Месси «Тӯби тиллоӣ»-ро аб мухлисон нишон дод.
Бо вуҷуди ин бозигари аргентинӣ бо пироҳани дорои навиштаҷоти ғайриоддии иборат аз ду бузи тиллоӣ ва пойафзоли махсус аз ширкати adidas бо акси «Тӯбҳои тиллоӣ» дар онҳо ба майдон баромад.