LIVE

Рафтори Роналду баъди гирифтани 8-умин «Тӯби тиллоӣ» аз ҷониби Месси

Криштиану Роналду нисбати 8-умин «Тӯби тиллоӣ»-и Лео Месси бо ишораҳои хандаовар аксуламал нишон дод.
Роналду зери видеое, ки дар он муовини сармуҳаррири рӯзномаи испании As Томас Ронсеро тақдимкунии ҷоиза ба ҳамлавари «Интер Майами»-ро мавриди ханда қарор медиҳад, шарҳ гузошт.
«Салом, дӯстон. Чизе рух надод, ки дар бораи он мо медонистем: онҳо бори дигар ба Месси як «Тӯби тиллоӣ»-и дигар доданд.
Ӯ барои хатми маснади варзишӣ ба Майами рафт, гарчанде дар «ПСЖ» вақти омодагияш ба чемпионати ҷаҳон чунин менамуд.
Ӯ ғолиби чемпионати ҷаҳон гарлид, бале, хуб, аммо бо шаш пеналтӣ. Чемпионати ҷаҳон даҳ моҳ қабл, дар моҳи ноябр буд.
Месси ҳашт «Тӯби тиллоӣ» дорад, вале бояд, ки панҷ адад медошт. Ӯ «Тӯби тиллоӣ»-и Инйеста / Хави, Левандовски, ки шаш ҷоиза ба даст овард  ва ҷоизаи Холандро, ки  беҳтарин нишонзан шуда буд, дорад», – изҳор менамояд Ронсеро дар видео.
«😂😂😂😂», – шарҳ дод видеоро Роналду. Ҳамчунин бозигари португалӣ зери ин шарҳ лайк гузошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив