Шаби 23 ба 24-уми ноябр (ба вақти Душанбе), дар бозии даври чорякфиналии марҳилаи плей-оффи Ҷоми МЛС дастаи “Ню-Йорк Сити” тими “Филаделфия Юнион”-ро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1-0 шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Голи ягонаи ин бозӣ аз ҷониби нимҳимоятгари аргентинии дастаи меҳмонон Макси Моралес зада шуд.
ИМА — МЛС. Даври чоракфиналӣ
Душанбе, 24 ноябри соли 2025. 05:45 ДШБ
“Филаделфия Юнион” (Филаделфия) 0:1 “Ню-Йорк Сити” (Ню-Йорк)
0:1 Моралес – 27'
Ҷуфти аввали дастаҳо дар даври нимфиналии марҳилаи плей-оффи Ҷоми МЛС муайян шуд. Тими “Ню-Йорк Сити” бо “Интер Майами”, дастае, ки қаблан ба чоргонаи беҳтарин роҳ ёфта буд, бозӣ хоҳад кард. Бозии байни дастаҳои "Ню-Йорк Сити" ва "Интер Майами" рӯзи 30-юми ноябр баргузор мешавад.
Ҷуфти дигари нимфиналӣ фардо, 25-уми ноябр вақти бозии дигари даври чорякниҳоӣ миёни тимҳои “Сан Диего” Миннесота Юнайтед”, муайян карда мешавад. “Ванкувер Уайткэпс” аллакай ба нимфинал роҳ ёфта буд ва “Лос-Анҷелес”-ро дар силсилазарбаҳои пеналтӣ (2:2, 4:3 аз рӯи пеналтӣ) мағлуб карда буд.
Рақобатҳои калидии даври нимфиналии марҳилаи плей-оффи МЛС инҳоянд:
“Интер Майами” – “Ню-Йорк Сити”;
“Ванкувер Уайткэпс” - ғолиби бозӣ миёни “Сан Диего” ва “Миннесота Юнайтед”.
