LIVE

Ҷуфтҳои марҳилаи плей-оффи Ҷоми MLS муайян шуданд

Субҳи имрӯз дар бозии охирини даври аввали марҳилаи плей-оффи Ҷоми MLS-и Амрикои Шимолӣ дастаи “Сан-Диего” бар тими “Портленд Тимберс” бо ҳисоби 4 бар 0 пирӯз гардида, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳхат гирифт.

Ҳамин тариқ, ҳамаи иштирокчиёни даври чаҳорякниҳоии марҳилаи плей-оффи Ҷоми MLS муайян шуданд. Дар Конфронси Шарқӣ то ба даври чаҳорякниҳоӣ дастаҳои “Интер Майами”, “Синсиннати”, “Филаделфия Юнион” ва “Ню-Йорк Сити” расиданд. Ба чоргонаи беҳтаринҳо дар Ғарб “Сан-Диего”, “Миннесота Юнайтед”, “Ванкувер Уайткэпс” ва “Лос-Анҷелес” дохил шуданд.

Ҷуфтҳои плей-офф чунинанд: “Интер Майами” — “Синсиннати”, “Филаделфия Юнион” — “Ню-Йорк Сити”, “Сан-Диего” — “Миннесота Юнайтед” ва “Ванкувер Уайткэпс” — “Лос-Анҷелес”.

Бозиҳои даври чаҳорякниҳоии марҳилаи плей-офф дар MLS чунин аст:

“Интер Майами” — “Синсиннати”;
“Филаделфия Юнион” — “Ню‑Йорк Сити”;
“Сан‑Диего” — “Миннесота Юнайтед”;
“Ванкувер Уайткэпс” — “Лос‑Анҷелес”.

Бозиҳои даври чаҳорякниҳоӣ 23-юми ноябр, даври нимниҳоӣ 30-юми ноябр ва финал 6-уми декабр баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив