LIVE

«Гэлакси»-и Иброҳимович дар даври 2-юми плей-оффи MLS

«Лос-Анҷелес Гэлакси»  дар бозии пешакии даври плей-оффи Конференсияи ғарбии MLS «Миннесота Юнайтед»-ро мағлуб намуд. Ин вохурӣ дар варзишгоҳи  «Аллянз Филд» -и Сент-Пол  доир шуда, бо ҳисоби   2:1 ба суди "Гэлакси" ба поён расид.
Дар сафи «Гэлакси» Себастян Ллетгет ва Хонатан дос Сантос як голӣ зада, Златан Иброҳимович навад дақиқаро дар майдон сипарӣ намуд. Аз ҷониби «Миннесота» бошад, Ян Грегуш ба задани гол даст ёфт.
«Гэлакси» пас аз ҳамин пирузӣ ба марҳилаи ниманиҳоии    Конференсияи ғарбӣ роҳхат гирифта, бо ғолиби чемпионати даврӣ-«Лос-Анджелес» бозӣ мекунад, дар дастае,ки беҳтарин нишонзани мавсим Карлос Вела майдондорӣ мекунад. Дар даври ниманиҳоии конференсияҳо дастаҳо ду бозӣ-дар майдонӣ худӣ ва дар сафар мегузаронанд.  
Қобили таваҷҷуҳ аст,ки Иброҳимович ва Вела ҳамчунин ба сафи номзадҳо баҳри унвони беҳтарин бозингари MLS шомил гардиданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив