LIVE

Ғолиби феълии MLS “Колумбус Крю” қаҳрамонияшро дифоъ карда натавонист

Шаби 3-юм ба 4-уми ноябр кав бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи даври 1/8 ниҳоии MLS байни дастаҳои «Ню-Йорк Ред Буллз» ва «Коламбус Крю» дар «Ред Булл Арена»-и Ҳаррисон (ИМА) анҷом ёфт. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 2:2 сипарӣ шуда, аз рӯи натиҷаи силсилазарбаҳои пеналтӣ “Ню-Йорк Ред Буллз” ба марҳилаи дигар баромад.
ИМА - MLS. даври 1/8 финалӣ
05-уми ноябри соли 2024, Душанбе. 02:30 ба вақти Душанбе
“Ню-Йорк Ред Буллз” 2:2 (5:4) “Коламбус Крю”
0:1 Арфстен – 55'     1:1 Вансер – 64’     2:1 Форсберг – 80’     2:2 Рамирес – 90+6'
Дастаи Ню-Йорк ба голи Максимилиан Арфстен бо зарбаҳои дақиқи Данте Ванзейр ва Эмил Форсберг посух дод. Голи Кристиан Рамирес дар дақиқаи 90+6-ум бозиро то ба зарбаҳои пеналтӣ бурда, ки дар он “Ню-Йорк Ред Буллз” дақиқтар баромад – 5:4.
Ҳамин тавр, “Ню-Йорк Ред Буллз” ба даври чорякфиналии плей-офф роҳ ёфт ва дар он ҷо бо ғолиби ҷуфти “Синсиннати” – “Ню Йорк Сити” вомехӯрад. “Коламбус Крю”, ки   мавсими гузашта қаҳрамон шуд, аз идома рақобат дар мусобиқа маҳрум гардид.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо бо пирӯзии даста аз шаҳри Ню-Йорк бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив