LIVE

Собиқ ҳамдастаи Роналду ширфурӯш шудааст

Собиқи футболбоз Ричард Эккерсли, ки ҳоло дар Англия шир мефурӯшад, таассуроти худро дар бораи тамрини якҷояаш бо Криштиану Роналду дар “Манчестер Юнайтед” нақл кард.

«Ман ҳама вақт дар ин бора фикр мекардам. Криштиану Роналду ба "Манчестер Юнайтед" баргашт. Бори охире, ки ӯ дар "Манчестер Юнайтед" буд, ман ҳам дар он ҷо будам ва ман бо ӯ тамрин мекардам. Ва ҳоло ман ширфурӯш ва тоҷирам ва ӯ то ҳол футбол бозӣ мекунад. Ин девонагӣ аст. Ҷаҳонҳои гуногун. Бо вуҷуди ин, ман хеле хушбахтам ва зиндагии худро назорат мекунам ”,-иқтибос меорад Marca аз суханҳои Ричард.

Экерсли то соли 2009 дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” буд. Сипас ҳимоятгар ба “Бёрнли” рафт ва дар “Плимут”, “Брэдфорд” ва “Бери” ба ҳайси иҷора бозӣ мекард. Футболбоз инчунин дар Амрико, дар ҳайати “Торонто” ва "Ню Йорк Ред Буллз” бозӣ кардааст. Эккерсли соли 2016 дар “Олдхэм”-и Англия ба "нафақа" баромад.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив