LIVE

Қаҳрамони феълии Африқо дар даври 1/8 ниҳоӣ дучори шикаст шуд

Мунтахаби Кот‑д’Ивуар бар тими   Сенегал дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми миллатҳои Африқо зафар ёфт.
Вақти асосии рақобат бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голи сенегалиҳоро Ҳабиб Диалло ба самар расонида, дар ҳайати мизбонон Франк Кессиэ ба задани гол даст ёфт.
Вақти силсилазарбаҳои пеналтӣ бошад ивуарийиҳо дақиқтар баромаданд — 5:4. Ҳамин тавр, мунтахаби Сенегал, ки ғолиби сабқати пешин дар соли 2021 буд, бо мусобиқа хайрухуш мекунад.
Ҳарифи навбатии мунтахаби Кот‑д’Ивуар  ғолиби  ҷуфти бозии Мали — Буркина‑Фасо хоҳад буд.
Ҷоми Африқо - 2023. 1/8 ниҳоӣ
«Сенегал» — «Кот-д’Ивуар» — 1:1 (1:0) (0:1) (аз рӯи пеналти — 4:5)
Голҳо: Диалло, 4. — Кесси, 86 (аз пеналти).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив