Нахустин бозии даври нимфиналии Ҷоми қаҳрамонҳои КОНКАКАФ ба охир расид, ки дар он “Интер Майами” дар майдони худ дастаи “Ванкувер Уайткэпс”-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “DRV PNC”-и Форт-Лодердейл баргузор шуда, бо пирӯзии меҳмонон ба ҳисоби 3:1 анҷом ёфт.
Голҳои дастаи ғолибро ҳамлагар Брайан Уайт ва нимҳимоятгарон Педро Вите ва Себастян Берҳалтер заданд.
Бояд тазаккур дод, ки собиқ футболбозони дастаи “Барселона” Луис Суарес, Лионел Месси, Жорди Алба ва Серхио Бускетс, ки ҳоло дар сафи “Интер Майами” тӯли навад дақиқаи бозӣ дар майдон буданд. Голи ягонаи мизбононро Алба аз паси Суарес ба самар расонд.
Бозии аввал бо шикасти «Интер Майами» бо ҳисоби 0:2 анҷом ёфта буд. Ба ин тартиб дастаи Месси бо ҳисоби умумии (1:5) дар ду бозӣ шикаст хӯрда, ба финали мусобиқоти бонуфузи Амрикои Шимолӣ роҳ ёфта натавонист. Дар бозии ниҳоии мусобиқот даста аз кишвари Канада бо ғолиби ҷуфти дастаҳои мексикоии “Крус Асул” ва “УАНЛ Пумас” рӯбарӯ мешавад. Бозии аввал байни ин дастаҳо бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
