Пас аз як рӯзи дигари бозӣ дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дар ИМА ду ҷуфти аввали иштирокчии даври 1/8 ниҳоии мусобиқот муайян шуданд.
Ҳамин тариқ, «Интер Майами» ва «Пари Сен-Жермен» дар марҳилаи аввали плей-офф бо ҳам бозӣ мекунанд. Ҷуфти дуюми иштирокчиёни даври 1/8 финалӣ тимҳои “Палмейрас” ва “Ботафого-и Бразилия мебошанд. Санаи баргузории ҳарду бозӣ ва вақти оғози онҳо дертар эълон карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футболи ФИФА аз 15 июн то 13 июли соли 2025 дар ИМА баргузор мешавад. Дар мусобиқа 32 бошгоҳ ширкат карда, дастаҳо ба ҳашт гурӯҳи чаҳор дастаӣ тақсим шудаанд. Ду дастаи пурқувват аз ҳар як гурӯҳ баромади худро дар даври плей-офф идома медиҳанд.
