Шаби 19 ба 20-уми июн ба вақти Душанбе рӯзи панҷуми бозиҳо дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо-2025 ба анҷом расид, ки дар ҷараёни он чаҳор рақобат баргузор шуд.
Натиҷаҳои бозиҳои рӯзи 5-уми Чемпионати ҷаҳонии бошгоҳҳо-2025 аз 19 то 20 июн (бо вақти Душанбе):
«Палмейрас» – «Ал-Аҳлӣ» – 2:0;
«Интер Майами» — «Порту» — 2:1;
«Сиэтл Саундерс» — «Атлетико» — 1:3;
“ПСЖ” – “Ботафого” - 0:1.
Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳои ФИФА аз 15 июн то 13 июли соли 2025 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад. Дар мусобиқа 32 бошгоҳ, ки ба ҳашт гурӯҳи чаҳор дастаӣ тақсим шудаанд, ширкат доранд. Ду дастаи пурқувват аз ҳар як гурӯҳ баромади худро дар даври плей-оффи мусобиқа идома медиҳанд.