LIVE

“ПСЖ” дар чемпионати бошгоҳии ҷаҳон «Атлетико Мадрид»-ро шикаст дод

«Пари Сен-Жермен» дар даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо-2025 бар «Атлетико Мадрид» ғалаба кард. Вохурӣ бо ҳисоби 4:0 анҷом ёфт. Бозӣ дар варзишгоҳи Роуз Боул (Пасадена, Калифорния, ИМА) баргузор шуд. Довари асосии вохӯрӣ Иштван Ковач (Руминия) буд.
Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо 2025. Гурӯҳи В. Даври 1-ум
15 июни соли 2025, якшанбе. 22:00 MSK
“ПСЖ” (Париж, Фаронса) 4:0 “Атлетико М” (Мадрид, Испания)
1:0 Руиз – 19'     2:0 Витиня – 45+1'     3:0 Майулу – 87'     4:0 Ин – 90+7'
Корти сурх: Лангле – 77'
Фабиан Руис дар дақиқаи 19-ум парижиҳоро ба пеш баровард. Голи дуюмро Витиня дар дақиқаи 45+1вориди  дарвозаи ПСЖ намуд. Хулиан Алварес дар дақиқаи 58-ум ҳисобро коҳиш дод, аммо пеш аз ин Коке нисбати Дезире Дуе қоидавайронкунӣ намуд ва пас аз баррасии наворҳои VAR ин гол бекор карда шуд. Дар дақиқаи 78-ум аз дастаи шаҳри Мадрид вобаста ба ду корти зард гирифтани Клеман Ланге аз майдон хориҷ шуд. Сипас дар дақиқаи 87-ум Сенни Маҳулу голи севумро ба дарвозаи қаҳрамони Фаронса зад. Билохира дар дақиқаи 90+7-ум Ли Канг Ин аз зарбаи пеналтӣ ба рафти бозӣ нуқта гузошт.
Пас аз ин бозӣ дар гурӯҳи «В» “ПСЖ” пешсаф аст (3 имтиёз),  «Атлетико Мадрид» дар зинаи охирин (0 хол) мебошад. Дар ин гурӯҳ ҳамчунин тимҳои “Ботафого” (Бразилия) ва “Сиэтл Саундерс” (ИМА) баромад мекунанд.
Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳои ФИФА аз 15 июн то 13 июли соли 2025 дар Иёлоти Муттаҳида баргузор мешавад. Дар мусобиқа 32 бошгоҳ ширкат карда, дастаҳо ба ҳашт гурӯҳи чаҳор даста тақсим шудаанд. Ду дастаи пурқувват аз ҳар як гурӯҳ баромади худро дар даври плей-офф идома медиҳанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив