LIVE

8 гол дар бозии “Барселона” ва “Атлетико” ғолибро муайян накард

Дар доираи бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Испания дастаҳои “Барселона” ва “Атлетико Мадрид” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико”-и Барселона баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 4 бар 4 анҷом ёфт. Бозиро гурӯҳи доварон таҳти роҳбарии Алехандро Эрнандес ҳакамӣ карданд.

Ҳисоб дар дақиқаи 1-уми бозӣ кушода шуд. Хулиан Алварес аз паси головари Клеман Лангле истифода карда, “Атлетико”-ро дар ҳисоб ба пеш баровард. Пас аз 5 дақиқа Антуан Гризманн аз паси Хулиан Алварес истифода карда, голи дуюми тими шаҳри Мадридро ба самар расонид.

Дар дақиқаи 19-уми бозӣ аз ҳайати “Барселона” Педри муаллифи гол шуд. Паси головарро Жюл Кунде марбути номи хеш кард. Бо гузашти 2 дақиқа Пау Кубарси аз паси Рафиня истифода карда, ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 41-уми бозӣ Инйиго Мартинес аз паси Рафиня дар ҳисоб “Барселона”-ро ба пеш баровард.

Дар дақиқаи 74-уми бозӣ голзани беҳтарини “Барселона” дар мавсими имсола Роберт Левандовски аз ҳайати захиравӣ вориди майдон шуда, голи чаҳорумро ба самар расонид. Пас аз 10 дақиқа нимҳимоятгари “Атлетико” Маркос Лйоренте гол зад. Анхел Корреа паси головарро анҷом дод. Дар вақти иловагии қисми дуюм, ҳамлагари норвегӣ Александр Сёрлот гол зада, дар бозӣ ҳисобро баробар намуд. Самуэл Лино муаллифи паси головар шуд. Ҳарду бозигар дар нимаи дуюм аз ҳайати эҳтиётӣ ба майдон баромада буданд.

Ба иттилои Opta Sport, бори охир ҳашт ё бештар аз он голҳо  дар бозии байни "Барселона" ва "Атлетико" дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Испания соли 1997 ба қайд гирифта шуда буд. Онҷо каталониҳо бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобӣ байни дастаҳо рӯзи 2-юми апрел дар Мадрид баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив