Дар охири сафари аввалини худ ба кишвари Ҳиндустон ҳамлагари бошгоҳи “Интер Майами” Лионел Месси аз Вантар - як маркази наҷот ва ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ, ки аз ҷониби Анант Амбанӣ таъсис ёфтааст, боздид кард. Дар аксҳо аз ин боздид мухлисон бозигари аргентиниро бо соати гаронбаҳои Richard Mille RM 003-V2, ки арзиши он беш аз 1,1 миллион доллар аст, диданд.
Ба гуфтаи нашрияи MSN ин соатро ба футболбоз тоҷир Амбанӣ, писари сарватмандтарин марди Ҳиндустон тӯҳфа кардааст. Қайд карда мешавад, ки дар ҷаҳон танҳо 12 дона аз ин соатҳо мавҷуданд, ки арзиши онҳоро хеле нодир мегардонад.
Дар тӯли сафараш ба кишвари Ҳиндустон ҳамлагари аргентинӣ аз чор шаҳр: Бомбай, Деҳлии Нав, Ҳайдаробод ва Калкутта боздид кард.
