LIVE

 "Барселона" ба боздиди Месси аз "Камп Ноу"-и таъмиршуда вокуниш нишон дод

Собиқ ҳамлагари “Барселона” ва бозигари феълии дастаи “Интер Майами” — Лионел Месси таассуроти худро аз боздид дар варзишгоҳи таъмиршудаи “Камп Ноу” баён карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёми мувофиқеро нашр намуд.

“Дирӯз, бегоҳ ба ҷойе баргаштам, ки тамоми вуҷудам барои он танг шудааст. Ҷое, ки ман бениҳоят хушбахт будам ва шумо маро ҳазор маротиба аз хушбахттарин одами рӯи замин хушбахттар ҳис мекардед. Умедворам, рӯзе боз баргардам, на танҳо барои хайрбод гуфтан ҳамчун бозингар, ки ҳеҷ гоҳ натавонистам онро иҷро кунам...”- навиштааст, Месси.

Хадамоти матбуотии “Барселона” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба боздиди устураи тимашон — Лионел Месси, ки ҳоло дар дастаи “Интер Майами” бозӣ мекунад, аз варзишгоҳи таҷдидшудаи “Камп Ноу” вокуниш нишон дод.

“Ту ҳамеша дар хонаат меҳмони азиз ҳастӣ, Лео”, — хадамоти матбуотии “Барселона” дар саҳифаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Мессии 38-сола аз соли 2003 то 2021 дар ҳайати “Барселона” бозӣ кардааст. Дар ин муддат ӯ 10 маротиба қаҳрамони Испания, 7 маротиба соҳиби Ҷоми Испания, 8 маротиба ғолиби Суперҷоми Испания, 4 маротиба қаҳрамони Лигаи чемпионҳои Аврупо, 3 маротиба ғолиби Суперҷоми УЕФА ва 3 маротиба ғолиби Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо шудааст.

Аз соли 2021 то 2023 ситораи аргентинӣ дар дастаи “Пари Сен-Жермен”-и Фаронса бозӣ карда, баъдан ба сафи “Интер Майами” гузариш намуд.

Соли 2022 Месси дар ҳайати тими миллии Аргентина қаҳрамони ҷаҳон шуд. Мусобиқа дар Қатар баргузор шуд ва дар финал Аргентина бар Фаронса ғолиб омада буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив