LIVE

Месси ба “Барселона” бармегардад!

Ҳамлагари тими миллии Аргентина ва дастаи “Интер Майами” Лионел Месси дар ояндаи наздик ба “Барселона” бармегардад. Дар ин бора рӯзноманигор Алекс Кандал хабар дод, ки аввалин шуда дар бораи интиқоли Месси ба “Интер Майами” иттилоъ дода буд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Месси омода нест, ки бидуни бозӣ дар варзишгоҳи таъмиршудаи “Камп Ноу” корномаашро ҷамъбаст кунад.

Ёдовар мешавем, ки Месси тобистони соли 2023 ба “Интер Майами” пайваст. Шартномаи футболбоз то тобистони соли 2025 амал мекунад.

Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз 20 миллион евроро ташкил медиҳад, ки Месси аз соли 2004 то соли 2021 дар ҳайати асосии “Барселона” бозӣ кардааст. Дар ин муддат футболбоз 778 бозӣ гузаронида, 672 гол ва 303 ассист анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив