Ҳамлавари аргентинии бошгоҳи амрикоии «Интер Майами» Лионел Месси эҳтимолан дастаашро иваз мекунад.
Тибқи иттилои Gol Digital, Месси метавонад сароғози соли 2026 дубора ба сафи "блаугранас" пайвандад ва бо ин тим чун бозигари озод шартномаи кӯтоҳмуддат имзо кунад. Нақша дар он аст, ки футболбози аргентинӣ метавонад ба чемпионати дар пешистодаи чаҷон омодагии нағз бинад.
Соли 2024 Месси дар 24 бозии сатҳи бошгоҳӣ ширкат варзида, муаллифи 22 гол ва 13 партофти голӣ шудааст. Мӯҳлати шартномаи аргентинӣ бо дастааш то соли 2025 амал мекунад. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, арзиши бозории Месси 25 миллион евро аст.