Ҳамлагари 37-солаи мунтахаби Аргентина ва бошгоҳи амрикоии «Интер Майами» Лионел Месси гуфт, ки дар ояндаи наздик ба нафақа намебарояд.
"Ба “Интер Майами” гузаштан маънои онро надорад, ки ман ба зудӣ ба нафақа меравам. Ман метавонам солҳои зиёд футбол бозӣ кунам.
Ман то ҳол орзӯи расидан ба унвонҳои футболиро дорам ва ин ҳам бо вуҷуди он аст, ки каме калонтар ҳастам », - гуфтааст Месси.
Соли 2024 Месси 21 бозии сатҳи бошгоҳӣ дар ҳама мусобиқаҳо иштирок карда, 19 гол ва 12 ассист ба номаш навишта кардааст. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбоз 25 миллион евро аст.