LIVE

Месси ба кумаки Гвардиола ба “Манчестер Сити” меояд

Ҳамлагари дастаи “Интер Майами” ва тими миллии Аргентина Лионел Месси метавонад ба “Манчестер Сити” гузарад. Дар ин бора Tuttosport хабар додааст.
Пеп Гвардиола мехоҳад, ки Мессиро то охири мавсим ба иҷора гирад то натиҷаҳои “Мансестер Сити”-ро беҳтар кунад. Соҳибмулки “Интер Майами” Дэвид Бекхэм омодааст, ки агар Месси хоҳиш дошта бошад, ба ӯ иҷозати рафтан ба Англияро диҳад.
Ёдовар мешавем, ки Лионел Месси тобистони соли 2023 аз “ПСЖ” ҳамчун агенти озод ба “Интер Майами” гузашт. Дар ин муддат футболбози аргентинӣ дар ҳайати даста 39 бозӣ анҷом дода, дар он 34 гол ва 19 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив