LIVE

Лионел Месси беҳтарин бозигари моҳи октябр дар MLS эълон шуд

Ҳамлагари «Интер Майами» Лионел Месси беҳтарин бозигари моҳ дар MLS эълон шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии лигаи амрикоӣ хабар медиҳад.
Моҳи октябри соли ҷорӣ аргентинии 37-сола дар мавсими муқаррарии MLS се бозӣ анҷом дода, панҷ гол   ва як ассист дар номаш дорад.
Лионел Месси рекорди ҳама кулли даврони MLS ба номаш мӯҳр зад. Ӯ дар таърихи Лигаи амрикоӣ аввалин бозигаре шуд, ки баъди ҷароҳат муаллифи 3 гол ва як ассист гардидааст. Илова бар ин, Месси беҳтарин нишонзан дар таърихи “Интер Майами” гардид. Бозигари аргентинӣ ба дарвозаи дастаи ҳарифон 33 гол задааст ва аз ҳамлагари эквадорӣ Леонардо Кампана, ки 32 гол дорад, пеш гузашт.
“Интер Майами” бошад дар 34 бозӣ 74 хол ба даст оварда, дар мавсими муқаррарӣ ҷои аввалро ишғол кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив